Дар Волгоград 10 тан донишҷӯи ӯзбекистонӣ мубталои коронавирус шуданд


10 тан донишҷӯи ӯзбекистонӣ, ки дар Донишгоҳ давлатии кишоварзии Волгоград таҳсил мегиранд, гирифтори коронавирус шуданд.
Бино ба иттилоъи хабаргузории “Дунё”, ин донишҷӯён ба бемористони шаҳрӣ, ки гирифторони вирус муъолиҷа мегаранд, интиқол ёфтанд.
Бар асоси додаҳо, нафароне, ки бо беморон дидор кардаанд, дар хобгоҳи донишгоҳ дар инзиво (изолятсия) ҳастанд.
Консулгарии Ӯзбекистон дар Ростов-на-Дону бо маъмурияти донишгоҳ тамос гирифтаанд ва вазъияти таҳти назорат аст.
Манбаъ: uz.sputniknews.ru

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ