Бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон моҳи сентябр баргузор мегардад

Бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон моҳи сентябр баргузор мегардад
  • Post category:Варзиш


Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон доир ба баргузории бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Бар хабари котиботи Кумитаи милии олимпӣ, вохӯрӣ 4-уми сентябри соли равон дар Тошканд сурат мегирад.
Қаблан бозӣ миёни мунтахабҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон санаи 31 март ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабаби пандемияи Covid-19 доир нагашт.
Дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қаблан 8 маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Тоҷикистон як ғалаба дорад, дар се дидор ғолиб муайян нашудааст, чор бозӣ ба фоидаи Ӯзбекистон анҷом ёфтааст.
Охирон маротиба мунтахабҳои миллии ду кишвар 15 ноябри соли 2011 дар Тошканд бозӣ карда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ