БОР ба Ӯзбекистон 500 миллион доллар ихтисос медиҳад


Бонки осиёии рушд ба Ӯзбекистон 500 миллион доллар қарзи боимтиёз ихтисос медиҳад. Дар ин бора вазорати молии Ӯзбекистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 25 июни соли ҷорӣ Шӯрои мудирони БОР ин иқдомро пуштибонӣ карданд.
Қарзи БОР барои коҳиш додани таъсирҳои манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди Ӯзбекистон аст.
БОР пеш аз ихтисоси қарз вазъияти макроиқтисодӣ ва хатарҳои пардохти қарзи давлатии Ӯзбекистонро баррасӣ кард. Баъди таҳлил вазъияти Ӯзбекистон дар ин замина барқарор ва мезони хатарҳо паст арзёбӣ шудааст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ