Сабаби сӯхтани нақлиётҳои дар чист?

Сабаби сӯхтани нақлиётҳои дар чист?

Санаи 9 -уми июн соати 19:25 ба идораи Садорати вазъиятҳои фавқулодда аз ҷониби сокини маҳаллаи Хӯҷа қишлоқи шаҳри Самарқанд муроҷиат мешавад, ки нақлиёти русуми «Донг-Фунг -190» сӯхтор ба амал омадааст. Ходимони сӯхторнишонӣ зуд ба ҷойи воқеа расида, сӯхторро хомӯш карданд. Дар натиҷаи сӯхтор нақлиёти махсуси партовкашонии соли бароришаш 2019 (истеҳсоли Хитой) батамом месӯзад. Сабабҳои сӯхторро меомӯзанд.
Инчунин, санаи 13 -уми июн шабона соати 23:50 ба идораи Садорати вазъиятҳои фавқулодда дар бораи сар задани сӯхтор дар нақлиёти ҳаракат карда истодаи ВАЗ -2106 сокини маҳаллаи Янгиқӯрғон муроҷиат мекунад. Ходимони сӯхторнишонӣ ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир гашта, сӯхторро бартараф мекунанд. Дар натиҷаи сӯхтор қисми пеши нақлиёти ВАЗ- 2106 (соли бароришаш 1989 зарар дидааст. Тахмин меравад, ки сӯхтор дар натиҷаи норасогии симҳои электрикӣ ба амал омадааст.
Асосан, сабабҳои сӯхтор дар нақлиётҳо аз носозии симҳои электрикӣ, носозии системаи газӣ, нағз насӯхтани сӯзишворӣ дар нақлиёт, сигоркашӣ дар дохили нақлиёт ва ғайраҳо сар мезанад. Эҳтиёткор бошед!

Сироҷиддин Арзиқулов, лейтенант, нозири Шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ