Дар ИМА барои таъсиси иёлати нав овоз медиҳанд

Дар ИМА барои таъсиси иёлати нав овоз медиҳанд
  • Post category:Ҷаҳон


Конгресси ИМА имрӯз, 26 юин дар бобати мақоми нави Вашингтон раъй медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир Вашингтон аз ҷиҳати маъмурӣ округи федералии Колумбия буда, шомили ягон иёлат нест ва ҳоло мехоҳанд онро 51-умин иёлат эълом кунанд.
Нэнси Пелоси, раиси маҷлиси поини порлумони ИМА рӯзи гузашта дар нишасти матбуъотӣ гуфт, ки мақоми пасти округ “бедодии ҷиддӣ” аст. Ӯ афзуд, “Фардо ин бедодиро, ки зидди демократияи мо истодааст, ислоҳ хоҳем кард.
Намояндагони ҳизби демократӣ дар Конгресс пуштибонони ин ташаббус ҳастанд. Ба назари онҳо, мардуми пойтахт вазифаи худро аз сидқи дил иҷро мекунанд, вале ҳамзамон имкони интихоби намояндаи худ дар Конгресси федералиро надоранд. Интизор меравад, ки дар маҷлиси поини порлумон,ки демократҳо бисёранд ин ташаббус пуштибонӣ меёбад, аммо дар сенат, ки шумори ҷумҳурихоҳон бештар аст, рад хоҳад шуд. Илова бар ин, Кохи Сафед таъкид кардааст, ки дар ҳар гуна вазъият лоиҳаи ин қонунро рад мекунад.
Чанде пеш Доналд Трамп дар мусоҳиба бо рӯзномаи New York Post гуфтааст, ки Вашингтон 100 дарсад вобаста ба демократҳо аст ва танҳо “ҷумҳурихоҳони аҳмақ” барои иёлат шудани он раъй медиҳанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ