Дар шаҳрҳои Япония истифодаи смартфонҳо ҳангоми пиёдаравӣ мамнӯъ мегардад


Дар шаҳрҳои Япония истифодаи смартфонҳо ҳангоми пиёдаравӣ мамнӯъ мегардад. Ямато шаҳри аввалини Япония аст, ки ин мамнӯъият ҷорӣ мешавад. Қоида аз 1 июл ба иҷро медарояд. Ин қоида ҳамчун пешниҳод аст ва барои нақз он ҷазо муқаррар нашудааст.
Ҳукумати маҳаллӣ умед дорад, ки сокинони шаҳр аҳамияти қоидаро мефаҳманд ва ба он комилан риъоят мекунанд.
Бар асоси қоидаи нав, агар касе мехоҳад аз смартфон истифода кунад, ба як гӯшае мегузарад, то ба касе халал нарасонад.
Ба гуфтаи олимони япон, инсон ҳангоми истифода аз смартфон ҳаҷми биниши ӯ коҳиш меёбад. Дар чунин сурат ӯ дар кӯчаҳо метавонад ба дигар пиёдаҳо ё автомобилҳо бархӯрад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ