Чин нерӯҳои мусаллаҳи худро дар марзи Ҳиндустон ҷойгир мекунад


Чин дар назди марзи Ҳиндустон нерӯҳои ҳавоӣ ва заминӣ, аз ҷумла, чархболу ҳавопаймоҳои ҷанганда ва тонкҳои худро ҷойгир кард. Дар ин бора South China Morning Post хабар дод.
Бино ба иттилоъи хабаргузории Reuters бо истинод ба аксҳое, ки моҳвораи ширкати амрикоии Maxar Technologies гирифтааст, Чин дар Ладакха урдугоҳи нав месозад.
Гуфта мешавад, ки дар минтақае, ки таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳи Чин аст, хаймаҳо зада шудаанд ва сохтусози сохтмонҳои нав оғоз шудааст.
Дар зимн, ҳукумати Ҳиндустон ба артиши худ иҷозат додааст, ки дар сурати даргирӣ бо нерӯҳои чинӣ дар марз ба онҳо оташ кушоянд.
Чанде пеш дар даргирии нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар дар водии дарёи Галван даҳҳо нафар сарбоз аз ду тараф кушта шуданд ва беш аз 70 тан захмӣ гардида буданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ