Русия ба гуфтаҳои Порошенко бобати Қрим посух дод: “Ҳеч имконе нест”


Петр Порошенко, раисҷумҳури собиқи Украина чанде пеш гуфта буд, ки Украина барои бозгардондани Қрим аз Русия “имкони камёб” пайдо кардааст. Русия ба ин суханони Порошенко вокуниш (реаксия) нишон дод.
Алексей Пушков, сенатори рус дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт, “Украина дар мавриди бозгардондани Қрим имкон надорад. Ҷойи ҳарфҳои Порошенко дар бораи “имкони камёб” нест. Эпидемия ва нархи нафт ба ин таъсир нахоҳад гузошт.
Пушков гуфт, ки таърих соли 1991 ба Киев имкон дод, ки Қримро наҷот диҳад, вале Украина аз ин имкон истифода накард ва соли 2014 нимҷазираро комилан аз даст дод.
Ёдовар мешавем, ки Қрим дар баҳори соли 2014 баъди баргузории ҳамапурсӣ дар миёни аҳолӣ ба Русия пайваст. Киев, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо чунин мешуморанд, ки Русия Қримро ғасб кард ва онҳо ин ҳамапурсиро эътироф намекунад.
Манбаъ: qalmpir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ