Ширкатҳои пешқадам дар ростои таҳияи ваксина зидди коронавирус


Дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон тақрибан 200 навъи ваксина зидди коронавирус озмоиш мегарданд, ки 15-тои онҳо ба марҳилаи озмоиш дар организми инсон расидаанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ширкатҳое, ки дар заминаи таҳияи ваксинаҳо пешқдамам ҳастанд, маълумот дод.
Ба гуфтаи Сумия Сваминатан, ширкати муштараки Англия ва Шветсия – AstraZeneca ва ширкати амрикоии Moderna дар ин миён нисбат ба дигарон муваффақтаранд. Ваксинаҳои ин ширкатҳо ба зудӣ дар марҳилаҳои дувум ва саввум дар инсонҳо озмоиш хоҳанд шуд.
Дар ҳоли ҳозир шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба 9,8 миллион тан расидааст. ИМА, Бразилия, Русия, Ҳиндустон ва Британияи Кабир кишварҳое, ҳастанд, дар муқоиса бо дигар кишварҳо бештар бемор доранд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ