Ба беҳтарин оилаи китобхон «Спарк» тӯҳфа карданд

Ба беҳтарин оилаи китобхон «Спарк» тӯҳфа карданд

Дар Маркази ҷавонони Самарқанд вохӯрии ҳокими вилоят Э.Турдимов бо ҷавонон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Вохӯрӣ ба тарзи ведео-­онлайн гузаронида шуд.
Дар тадбире, ки дар доираи 30-юми июн – Рӯзи ҷавонон ташкил карда шуд, хонандагони боиқтидор ва хатмкунандагони мактабҳои таълими умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ тавассути студияҳои Маркази ҷавонон ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, ғояву дархост ва ташаббусҳои худро ба ҳокими вилоят изҳор карданд.
Ҷавонон асосан, оиди дар ҳудудҳо суст будани алоқаи интернетӣ, эҳтиёҷ ба китобхонаву толорҳои варзишӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ барин масъалаҳо муроҷиат намуданд. Аз рӯйи ҳалли муаммоҳо ба роҳбарони муттасаддӣ супоришҳо дода шуд.
Аз ҷумла, хатмкунандаи мактаби таълими умумии рақами 6-и ноҳияи Пайариқ Нигора Турдиева ба ҳокими вилоят оиди кӯмак ба таъмири биноҳо ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ муроҷиат намуд. Зеро мактаби номбурда дорои 840 ҷой буда, дар он 1900 нафар хонанда таълиму тарбия мегиранд.
Ҳокими вилоят ташаббусу эътибори Нигораро эътироф намуда, гуфт, ки масъаларо меомӯзад.
Бояд гуфт, ки дар аввали соли ҷорӣ бо ташаббуси ҳокими вилоят байни мактабҳои таълими умумӣ озмун-­азназаргузаронии «Мактаби китобхони беҳтарин» гузаронида шуд.

Пас аз вохӯрӣ ба ғолиби озмун – ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 1-и ноҳияи Каттақӯрғон 100 миллион сӯм мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи ҳокими вилоят супорида шуд. Инчунин, ба соҳиби ҷойи дуввум – ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 24-и ноҳияи Пахтачӣ маҷмӯи компутер, ба соҳиби ҷойи сеюм – ҷамоаи мактаби давлатии ихтисосонидашудаи умумии рақами 1-и ноҳияи Иштихон ноутбук тӯҳфа карданд.
Ғайр аз ин, ба ғолибони озмун-­азназаргузаронии вилоятии «Беҳтарин оилаи китобхон», «Маҳаллаи китобхони беҳтарин» сабукрави «Спарк» ва тӯҳфаҳои дигари хотирмон супорида шуд. Дар озмун-­азназаргузарониҳо хонандагони мактабҳои умумӣ низ фаъол иштирок намуда, ҷойҳои намунавиро ишғол карданд.
Ба хатмкардаи мактаби таълими умумии рақами 17-и шаҳри Самарқанд, донишҷӯи Донишгоҳи Оксфорд, соҳиби медали тилло Ансор Раҳмонов ва падару модари ӯ низ ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотирмони ҳокими вилоят супорида шуд.

Дар нимаи дуввуми рӯз ҳокими вилоят Э. Турдимов аз рӯйи омӯзиши муроҷиати Нигора Турдиева ба мактаб ташриф оварда, вазъиятро якҷоя бо муттасаддиёни соҳа омӯхт.
Мувофиқи маълумоти корманди шӯъбаи таълими халқии ноҳияи Пайариқ, ҳокими вилоят нахуст нисбати бетартибиву обод набудани гирду атрофи мактаб эътирози худро баён кард. Инчунин, қайд гардид, ки дар нигаҳдорӣ ва истифодаи бино, таҷҳизоти хонишӣ низ ба камбудиҳо роҳ дода шудааст. Директори мактаб барои камбудиҳои корӣ аз вазифааш озод карда шуд.
Таъкид гардид, ки нахуст, аз ҷониби ҳокимияти вилоят ва ноҳия барои кабудизоркуниву ба тартиб андохтани гирду атрофи мактаб маблағи лозима ва қувваи корӣ ҷудо карда мешавад. Бо назардошти шумораи зиёди хонандагон, қарор карда шуд, ки муваққатан аз синфхонаҳои мактаби касбиву ҳунарии наздикии ин ҳудуд истифода шавад. Маъмурияти мактаб аз рӯйи таъмири дар соли оянда асосӣ таклифу пешниҳодҳо омода месозад.
Э. Турдимов таъкид намуд, ки ҷараёни таъмиру тармим ва ободонии мактабро шахсан назорат мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ