Ҳолливуд дар бораи оғози пандемияи COVID-19 дар Чин филм месозад


Ширкати “SK Global Entertainment”-и Ҳолливуд филми нав месозад, ки он дар бораи оғози пандемияи коронавируси нав дар Чин ҳикоят хоҳад кард. Дар ин бора рӯзномаи Wall Street Journal навиштааст.
Чарлз Рэндолф нависандаи филмнома буда, қаблан барои филмномаи “The Big Short” ҷоизадори “Оскар” шудааст. Ба гуфтаи Рэндолф, жанри филм драмаи тиббӣ мебошад. Воқеаҳои филм дар бораи нахустин ҳафтаҳои паҳншавии коронавирус ва муборизаи шифокорон бо инфексияи ношинос ҳикоя мекунад.
Рэндолф пеши худ вазифа гузоштааст, то ба кори шифокорону парастороне тамаркуз кунад, ки дар бораи беморие ки бо он мубоиза мебаранд, тақрибан чизе намедонанд.
Ӯ тавзеҳ дод, “Мубориза бо ваҳшие кори дигар аст ва мубориза бо ваҳшие дар торикӣ тамоман кори дигар аст.
Филмсозон умед доранд, ки барои наворбардорӣ, ки соли 2021 оғоз мешавад, аз ҳукумати Чин иҷоза гирифта метавонанд. Онҳо муддати таҳияи филмро ошкор накардаанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ