Дар Япония усули пешгӯии рушди тақрибан 20 бемориро таҳия карданд

Дар Япония усули пешгӯии рушди тақрибан 20 бемориро таҳия карданд
  • Post category:Ҷаҳон


Пажӯҳишгарони донишгоҳҳои Хиросаки ва Киотои Япония усули пешгӯии рушди тақрибан 20 бемориро таҳия карданд.
Дар ин бора хабаргузории Kyodo гузориш додааст.
Олимон бо кумаки ақли маснӯъӣ системаи таҳлили шохисҳои саломатии инсон тақрибан дар 20 самтро таҳия карданд. Натиҷаҳо собит карданд, ки имкони пешгӯӣ кардан аз рушди диабет, заволи ақл (деменсия), артериосклероз, фишори хун, норасоии муназзами гурда ва ғайра мумкин аст.
Ясуси Окуно, профессори донишгоҳи Киото гуфт, “Мо тавонистем, ки эҳтимоли рушди бемориро дар се соли оянда дар инсон пешгӯӣ кунем”.
Гуфта мешавад, ки ин усул аз зарурии беҳсозии (профилактика) саломатӣ ва тағйири одатҳои номақбул ҳушдор медиҳад ва бароӣ пешгирӣ аз чанд беморӣ кумак кунад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ