Дар донишкадаи тиббиёти Самарқанд конфронси байналмилалӣ баргузор шуд


Донишкадаи давлатии тиббиёти Самарқанд бо ҳамкории СММ, намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, донишгоҳҳои давлатии тиббиёти Астрахан ва Рязани Русия дар бобати боло бурдани сатҳи хидмати тиббӣ ба беморони COVID-19 конфронси илмӣ-амалии онлайн баргузор кард.
Дар конфронс Лианне Куппенс, раиси намояндагии СҶТ дар Ӯзбекистон иштирок кард ва муборизаи Ӯзбекистон бар зидди коронавирусро баланд арзёбӣ намуд.
Дар конфронс нақши СҶТ дар мубориза бар зидди коронавирус дар Ӯзбекистон, дурнамои ҳамкорӣ, вазифаҳои устувор дар мубориза бо коронавирус дар Ӯзбекистон ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ