Ангела Меркел Аврупоро ба “бедор шудан” даъват кард


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон кишварҳои аврупоиро ба бедоршавӣ даъват кард.
Дар ин бора хабаргузории рӯзномаи The Guardian навиштааст.
Ба гуфтаи Меркел, дар заминаҳое, ки ИМА намехоҳад нақши пешвои ҷаҳониро бозӣ кунад, Аврупо бояд дар бораи нақши худ фикр кунад”.
Садри аъзами Олмон гуфт, “ИМА мехост абарқудрати ҷаҳонӣ гардад. Мо бо дарки ин бузург шудем. Агар ИМА имрӯз мехоҳад бо хоҳиши худ бозидани ин нақшро қатъ кунад, мо бояд дар ин бора ҷиддан фикр кунем”.
Гуфта мешавад, ки ин суханони Меркел вокуниш ба тасмими Трамп дар бораи коҳиш додани низомиёни НАТО дар Фаронса буд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ