Рӯзнома оянда дорад

Рӯзнома оянда дорад
  • Post category:Фарҳанг

ё худ сабабҳои кам шудани хонандагони нашрияҳои чопӣ дар чист?

Ба саволи “Рӯзнома оё оянда дорад?”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашрияҳои интернетӣ такрор ба такрор муҳокима мешаванд, вақти ҷавоби мушаххас додан расид. Набояд фаромӯш кард, ки дар ҷамъият ҳеҷ гоҳ матбуот мавқеи худро аз даст намедиҳад, баръакс он дар ҷараёни рақобати нав боз ҳам обутоб ёфта, ҷиҳатҳои нави худро мекушояд ва боқӣ мемонад.

Дар шабакаҳои интернет ва нашрияҳои онлайн пайдо шудани хавотири “нимҷонӣ”-и матбуот аз он далолат медиҳад, ки фарқияти ба худ хоси интернет ва воситаҳои ахбор (аз ҷумла нашрияҳои чопӣ) муайян нашудааст. Оё нашрияҳои интернетӣ вазифаи матбуотро пурра иҷро намуда, барои ба таърих табдил ёфтани нашрияҳои чопӣ асос шуда метавонад? Не! Ҷавоби қатъии мазкур далелҳои аниқ дорад. Барои ин мо нахуст умумият, ҷиҳатҳои ба худ хос, афзалият ва камбудиҳои воситаҳои ахбори умуми чопӣ ва онлайнро дарк карданамон лозим аст. Зеро агар шахси ахборқабулкунандаро ба сифати истеъмолчӣ тасаввур кунем, воситаҳои ахбори умуми чопӣ ва онлайн батамом аз ҳам фарқ мекунанд. Тафовути муҳими онҳо дар он аст, ки маданияти интернет соҳаи нав буда, он дар шакли номоддии виртуалӣ, воситаи ахбори чопӣ, яъне коғазӣ бошад, чизи моддист, ки маданият ва таърихи чандинасра дорад. Маданияти мутолиаи шакли чопиро ҳеҷ гоҳ интернет нест карда наметавонад, ба ин набояд имконият дод. Бинобар ин гуфторҳое, ки дар байни воситаҳои ахбори умуми чопӣ ва онлайн тафовут ба миён меоваранд, гап шуда мемонанду халос.

Дар куҷо хато кардем?

Ҳар як муҳаррир ва муассис ба худ ин саволро дода, ба он ҷавоби муносиб бояд ёбад.
Аз ҳисоби оммавӣ гардидани шабакаи интернет шумораи хонандагони воситаҳои ахбори умуми чопӣ кам гардид гуфтан, ба фик­рам он қадар дуруст нест. Инҳо гапу ҳарф­ҳои тахминианду халос. Аммо бо баҳонаи интернет батамом аз маълумотҳои чопӣ даст кашидагон кам нестанд. Чунин хонандагон, ки сол то сол зиёд мешаванд, баробари васеъ шудани макони медиавӣ дар он “ғарқ” шуда истодаанд. Яъне дар давоми 20-30 соли охир на танҳо шумораи рӯзномаву журналхонҳо, умуман шахсони китобхон низ хеле кам шуданд. Ба ин эҳтиёҷот нисбати техника ва номутаносибии иқтисодӣ сабаб гардид. Яъне инсон боварӣ ҳосил намуд, ки ба воситаи технологияҳои нав метавонад, ахбори ба худ лозимаро гирифта, нигоҳ дорад, паҳн кунад, заруриашро истифода барад ва барои беҳтар намудани аҳволи иқтисодии худ бо корҳое, ки зудтар фоидаи моддӣ меоранд, банд шавад.
Ба фикри мо кам шудани нусхаи чопии рӯзномаҳо ва паст гардидани дараҷаи умумият пайдо кардани онҳо чанд сабаб дорад.
Аз ҷумла:
— нашрияҳо ба талаб ва эҳтиёҷоти хонандагони худ саривақт эътибор зоҳир накарданд;
— солҳои охир шумораи нашрия­ҳои чопӣ аз ҳад зиёд шуда, савия, дараҷа ва доираи таъсири онҳо кам гардид;
— баъзан материалҳое, ки бо таърифу тавсифҳо, рақам ва маълумотҳои сохта обуранг дода шудаанд, аз саҳифаҳои рӯзномаҳо ҷой гирифтанд;
— муносибати воситаҳои ахбори умум ба муаммоҳои ҷамъиятӣ қариб, ки ба назар намерасид;
— ташкилотҳое, ки бо паҳн кардани матбуот машғуланд, нашрия­ҳоро ба хонандагон дар вақташ нарасониданд;
— кадрҳои ботаҷриба ва пешқадами соҳа камшуморанд.
Эътироф намудан лозим аст, ки акнун барои ҳал намудани муаммоҳои болоӣ шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шуд ва аз ҷониби ҳукумат корҳои муҳим амалӣ мегарданд. Аксарияти нашрияҳо аз доираи муқаррарӣ баромада, мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ ва мунозиравиро чоп менамоянд. Фикри халқи оддӣ, муносибати роҳбари мутасаддиро нисбати муаммо ошкоро баён мекунанд. Ҳамаи ин аз он далолат медиҳад, ки дар мамлакатамон принсипи ошкорабаёнӣ ва озодии сухан дар амал асту воситаҳои ахбори умум озодона фаъолият мебаранд ва дар соҳа ислоҳотҳои босамар гузаронида мешаванд. Чуноне ки ба принсипи ошкорабаёнӣ баъзе мухбирон нотайёранд, роҳбароне низ ёфт мешаванд, ки ин ҳолатро ҳазм карда наметавонанд. Зеро солҳои охир дар воситаҳои ахбори умум материалҳои таҳлиливу танқидие, ки ба равнақи Ватан ва манфиати халқ хизмат мекунанд эълон карда мешаванд, аммо шахсони мутасаддӣ ба онҳо ҷавоби муносибе намедиҳанд. Ҳатто баъзеашон намедонанд, ки дар бораи онҳо мақола чоп шудаас

т…

“Гонорарро зиёд намекунед?”…

Эътироф намудан лозим аст, ки солҳои охир ҳаққи қалам назарногир шуда монд. Ин сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дорад. Гап дар он аст, ки аз сабаби набудани сохтори электронии ягонаи ҷамъоварии материалҳои публисистӣ мақолаю материалҳои дуздӣ (плагиат) меафзоянд. Барои исботи фикр воқеаеро, ки худ гувоҳ гаштаам, баён мекунам: барои материале, ки дар мавзӯи экологӣ дар рӯзнома нашр шуд, ба муаллифи он ҳаққи қалам доданд. Пас аз як ҳафта ба таҳририят шахси ношиносе занг зада гуфт: “Мақолаи маро дар рӯзнома чоп кардед, раҳмат, фақат муаллифаш дигар шудааст…, хуб, мефаҳмам дар рӯзнома баъзан чунин хато мешавад. Ба ман гонорарашро диҳед, кифоя…”
Пас аз он моҷаро оғоз ёфт. Аниқ намудем, ки дар ҳақиқат мо мақолаи плагиатиро нашр кардаем. Аз сабаби чунин рафтор муаллифи сохтакор ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Чунин ҳолатҳо ҳоло ҳам рӯй медиҳанд. Ин далели он, ки қонун дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ пурра амал намекунад. Барои дар ин самт пурра барқарор шудани адолат, ба қоидаҳои этикаи журналистӣ қатъиян амал кардан лозим аст.
Сабаби ба ин масъла таваҷҷӯҳ намудан дар он аст, ки мо мақолаҳои муаллифии пурдолузарбро дар рӯзнома чоп кунем, танҳо дар асоси гирифтани рухсат нишон додани манбаъ ва пардохти қонунӣ онро дигар нашрияҳо, аз ҷумла нашрияҳои интернетӣ эълон карданашон мумкин аст ва танҳо дар чунин ҳол мавқеи матбуот боз ҳам меафзояд.
Миқдори ҳаққи қалам бо шароити иқтисодии таҳририят низ вобаста аст. Яъне барои беҳтар намудани аҳволи иқтисодии рӯзномаву маҷаллаҳо ташкилотҳои давлативу мутасаддӣ чораву тадбирҳои муҳимро бояд амалӣ созанд. Зеро рӯзнома аз ҷиҳати иқтисодӣ озод ва барқарор набошад, он ҳеҷ гоҳ ривоҷ намеёбад. Иқтисодиёт омили муҳими ривоҷёбӣ ба шумор меравад. Масалан, дар назди таҳририятҳо корхонаву ташкилотҳои иловагӣ кушода, фоидаи онҳо ба таҳририят сарф шавад, муаммоҳои иқтисодӣ нисбатан кам мегардад. Кормандони таҳририят ҳам аз субҳ то шом дар утоқи қорӣ “хонашин” нашуда, дар боби зиёд намудани материалҳои тиҷоратӣ ва фурӯши рӯзнома бояд кӯшиш намоянд.

Обуна маҷбурӣ нест!

Имрӯз ислоҳот ва дигаргуниҳои босамари соҳаҳоро дида, ҳар як инсон “мешудааст-ку” мегӯяд. Албатта ҳамаи ин натиҷаи сиёсати одилона ва оқилонаи Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев аст. Хусусан, корҳое, ки дар боби бартараф намудани нуқсонҳои ҷамъият амалӣ мешаванд, аз ҷумла роҳ надодан ба меҳнати маҷбурӣ устувории ҳуқуқҳои инсонро дар мамлакатамон собит мекунад. Дар ин ҷараён чораву тадбирҳо оиди ислоҳ намудани сохтори таълими халқ, зиёд намудани мавқеи муаллимон дар ҷамъият, аз маоши муаллимон бо мақсадҳои гуногун, аз ҷумла барои обунаи маҷбурӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳо, пардохт­ҳои коммуналӣ нигоҳ доштан манъ карда шуд. Аниқтараш, обунаи маҷбурӣ барҳам ёфт. Ошкоро гуфтан лозим аст, ки ин аксарияти рӯзномаву маҷаллаҳоро ҳушёр намуд. Барои баъзе мухбироне, ки бо умеди обуна «аз боло» дар хоби ғафлат буданд, занге шуд, то ки бедор шаванд. Таассуфовар аст, ки ҳамаи таҳририятҳо ба ин омода нестанд. Аз ин рӯ қатъ гардидани фаъолияти баъзе нашрияҳои чопӣ ҳолати табиист. Аммо ин маънои матбуот дар таърих мемонадро надорад. Чунки ҳоло имкониятҳои нави рӯзноманигорӣ бисёр шуда, аз он оқилона истифода бурдан лозим аст.
Боз як гап: акнун, шумораи шахсоне, ки обуна ҳатмӣ нест гуфта, ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна намешаванд, меафзояд. Вале як ҳақиқатро дарк намудан лозим аст, ки маҷбурӣ набудани обуна маънои обуна нашав, рӯзнома нахонро надорад. Баръакс, акнун ихтиёр дар дасти худи шаҳрвандон аст, ки ба кадом нашрия обуна мешаванд. Яъне, одаме, ки худро ҳурмат мекунад, саводнок шудани оила ва фарзандонашро мехоҳад, ба воқеаву ҳодиса, тафсилот ва навигариҳои мамлакатамон бефарқ нест, албатта ба рӯзномаҳо обуна мешавад ва мутолиа мекунад.

Муҳаррирони фирефташуда

Дар қатори муаммоҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва эҷодии таҳририятҳо, ки дар ҳисоби хоҷагӣ рӯз мебинанд, боз як муаммои нисбатан нав пайдо шуд. Ин дар вақташ ба обуначиён расонидани рӯзнома ва саривақт ба суратҳисоби таҳририят гузаронидани пули обуна аст. Вақтҳои охир аксарияти ташкилотҳои ташкилкунандаи обуна маҷбуриятҳои дар шартнома нишондодашударо саривақт иҷро накарда, дар

таҳририятҳо муаммоҳои бисёр ба вуҷуд меоранд. Ҳол он ки ташкилотҳои паҳнкунандаи матбуот барои бастани шартнома ба таҳририят омада, “ҳам рӯзномаро ва ҳам пулашро саривақт мерасонем..” гуфта ваъда медиҳанд. Вақте ки корашон ба анҷом мерасад, муддате ғайб мезананд. Дар ҳамин вақт муҳаррир дарк мекунад, ки фирефта шудааст. Чуноне ки мегӯянд сухан бо исбот хуб аст. Пас аз ба вазифаи муҳаррирӣ таъин гардиданам, аз бисёр ташкилотҳои паҳнкунандаи матбуот фанд хӯрдам. Барои ҷамъ намудани пули обуна тамоми имконият ва роҳҳоро ба кор бурдам. Масалан, аз 12 ташкилоте, ки дар вилояти Самарқанд бо паҳн кардани матбуот шуғл меварзанд, то ҳол 8 ташкилот пули обунаи рӯзномаро напардохтаанд. Аҷиб аст, ки манзил ва рақами телефони баъзеи онҳо маълум нест. Нишонӣ ва рақами телефоне, ки дар шартнома қайд шудааст, ба дигарон тааллуқ дорад.
Хулоса, муаммо ва нофаҳмиҳое, ки бо ин ташкилотҳо алоқаманданд, дар бисёр рӯзномаҳои ноҳия­вию вилоятӣ низ ба назар мерасад. Боиси тааҷҷуб аст, ки ин муаммо ба мутасаддиёни соҳа аён бошад ҳам, дар ин самт ягон чора андешида намешавад. Ҳол он ки сифати хизматрасонии ташкилотҳои ташкилкунандаи обуна ба пешрафти фаъолияти таҳририятҳо бевосита таъсир мерасонад.

Таклиф

Навиштани муаммоҳое, ки ба соҳа дахл доранд, мушкил нест. Ёфтани роҳи ҳалли онҳо мушкил аст. Бо ҳамин маъно барои бартараф кардани муаммоҳои матбуот чанд таклифро пешниҳод мекунем:
— муносибатро ба фаъолияти матбуот тағйир дода, мувофиқи дигаргуниҳои иқтисодиёти бозоргонӣ, корҳои маркетинг бояд дуруст ба роҳ монда шавад. Ин дар навбати худ пурра мустақил шудани нашрияҳои чопиро таъмин мекунад;
— дар бораи ҳолати нашрияҳои чопӣ, мавзӯъҳои муаммовӣ ва истиқболнок тадқиқоти илмӣ бурда, анҷумани матбуотӣ гузаронидан лозим аст;
— ба мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ ва баҳсталабу пурдолузарбе, ки дар матбуот эълон мешаванд, бо иштироки роҳбарони масъул ва мутахассисон саривақт гузаронидани муҳокимаву муносибатҳо шарт аст. Чунки дар рӯзнома ҳазорҳо муаммову камбудиҳо чоп шаванду ба он мутасаддиёни соҳа, роҳбарон бефарқ бошанд, фаъолият бесамар мешавад;
— тавре, ки бо ташаббуси Президентамон ба масъалаи тарғиби мутолиаи китоб ва афзунсозии маданияти китобхонӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ нигоҳ карда мешавад, маданияти мутолиаи нашрияҳои чопӣ ва матбуоти даврӣ дар сатҳи боло ва ба сифати масъалаи муҳим баррасӣ гардад. Чунки дар мо оиди маданияти рӯзномахонӣ, умуман маданияти ахборгирӣ муаммои бисёр мавҷуд буда, ҳалли онҳо зарур аст.
— андешидани чораву тадбирҳои аниқ ва назорати махсус (масалан монанди ҳифзи ҳуқуқи истеъмолчиён) дар бобати саривақт ба муштариён расонидани нашрияҳо ва ба суратҳисоби таҳририят гузаронидани маблағҳои обуна.
Хулоса, муаммоҳои соҳаи матбуотро бо баҳонаи “интернет пайдо шуду…” не, баръакс дар асоси консепсия ва таҳлилҳои амиқу пухта омӯхта, барои бартараф намудани он тамоми имкониятҳоро сафарбар намуданамон лозим аст. Танҳо дар чунин ҳол ба зинаи нави ривоҷёбии воситаҳои ахбори умумии чопӣ, ки яке аз воситаи муҳими пешрафти ҷамъияти шаҳрвандӣ мебошанд, мебароем.

Баҳодур РАҲМОНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ