Сели шадид вилоятҳои ғарбии Украинаро аз оби ошомиданӣ маҳрум кард


Сокинони вилоятҳои ғарбии Украина, ки тӯли ҳафтаи охир аз сел зарари ҷиддӣ диданд, то ҳол ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Дар ҳоли ҳозир бо ҳавопаймо ва чархболҳо ин минтақаро бо об ва маводди ғизоӣ таъмин мекунанд. Дар ин бора хабаргузории “МИР 24” ба нақл аз Арсен Аваков, вазири корҳои дохилии Украина хабар додааст.
Садҳо ҷамоатҳо дар ғарби Украина тӯли чанд рӯз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ надоранд, чун хатти обрасонӣ ба ин минтақа дар натиҷаи сели шадид шикаст ёфтааст. Ҳамчунин, беш аз 5 ҳазор чоҳи об низ “қурбон”-и сел шудаанд. 800 нафар ба ҷойҳои бехатар мунтақил шуданд, чанд нафар ҳам ҳалок гардиданд.
Бумшиносон (экологҳо) аз байн рафтани ҷангалзорҳои Карпатро сабаби асосии ин офати табиъӣ хондаанд. Одамон дарахтзорҳои роши (бук) Карпатр ба сурати ғайриқонунӣ мебуранд ва дар бозорҳои Аврупо мефурӯшанд. Ин “тадбиркорӣ” тӯли даҳсолаҳо идома дорад. Ҳоло замин бе дарахтҳо наметавонад рутубатро нигоҳ дорад ва об ба зудӣ ба водиҳо ҷорӣ мегардад.
Украина бо кумаки Венгрия, Руминия ва Словакия аз байн бурдани пайомади офати табиъиро идома медиҳад.
Манбаъ: mir24.tv

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ