Вазорати ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон аз мубталошавии 131 нафари дигар ба коронавирус хабар дод.
Шаби 23 июн дар соати 23.00 шумори мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 7682 тан расид.
49 нафари гирифторони нав дар Маркази карантин буда, ҳамаи онҳо аз хориҷ баргаштаанд. 45 нафар бемор аз вилояти Тошканд, 34 нафар аз шаҳри Тошканд, 3 нафар аз вилояти Навоӣ ҳастанд.
Дар ҳоли ҳозир 2422 нафар дар бемористонҳо муъолиҷа мешаванд. Вазъияти саломатии 19 нафар вазнин ва 7 нафар хеле вазнин аст.
Манбаъ: kun.uz
