Дар Сиэтл ва Портленд мӯътаризон ба ба биноҳои шӯъбаҳои пулис ҳамла карданд


Як гурӯҳ эътирозкунандагон дар шаҳрҳои Сиэтл ва Портленд ба шӯъбаҳои пулис ҳамла карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Fox News хабар дод.
Гуфта мешавад, ки эътирозкунандагони Портленд дар назди бинои пулис оташ заданд ва даргири кормандони пулис шуданд.
Пулиси Сиэтл ҳамлаи эътирозкунандагонро бартараф кардааст.
Ҳукумати Сиэтл ваъда додаст, ки “минтақаи мухтор”-и маркази шаҳр то субҳи якшанбе побарҷо хоҳад монд. Женни Деркан, шаҳрдори Сиэтл баъди дидор бо мӯътаризон ин қарорро қабул кард.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи мӯътаризон чанде пеш яке аз бахшҳои марказии шаҳри Сиэтлро аз чаҳор сӯ бо чодару саддҳо бастанд ва онро “минтақаи мухтор” эълом карданд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА онҳоро тарафдорони анархия ва террорист хонда буд. Ӯ рӯзи 11 июн дар мусоҳибаи телевизионӣ таъкид кард, ки метавонад бо кумаки Гвардияи миллӣ дар Сиэтл тартибро ҷорӣ кунад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ