Ширкати ҳавопаймоии Belavia парвозҳои масири

“Минск-Тошканд”-ро оғоз мекунад
Ширкати ҳавопаймоии “Belavia”-и Белорус парвозҳои масири “Минск-Тошканд”-ро дубора оғоз мекунад. То имрӯз дар ин масир танҳо ҳавопаймоҳои «Uzbekistan Airways» парвоз мекарданд.
Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир таҳкими робитиҳои Ӯзбекистон ва Белорус, аз ҷумла, мубодилаи таҷруба дар заминаҳои гуногун ва таҳсили донишҷӯёни ду кишвар дар донишгоҳҳои ҳамдигар ба парвозҳои масири “Минск-Тошканд” ниёзро бештар кардааст.
Бо мақсади афзоиши парвозҳо, таъмини ниёзи мардум ба рафту омади ҳавоӣ ва рушди саёҳӣ дар миёни Ӯзбекистон ва Белорус қарордоди хидматрасонии фурӯдгоҳи байналмилалии Тошканд ба ҳавопаймоҳои ширкати Belavia имзо шуд.
Belavia калонтарин ширкати ҳавопаймоии Белорус ба шумор меравад. Ин ширкати ҳавопаймоӣ соли 1996 таъсис ёфтааст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ