Намояндаи СҶТ: Барои сохтани ваксинаи зидди коронавирус 1,5 сол зарур аст


Сумия Сваминатан, корманди илмии Созмони ҷаҳонии тандурусӣ гуфт, ки барои сохтани ваксина зидди коронавирус ҳадди аксар 1,5 сол зарур аст. Дар ин бора UN News хабар дод.
Ба гуфтаи корманди СҶТ, сохтани ваксина ва дар амал ҷорӣ кардани он одатан то 10 сол муддат мехоҳад, вале ҳоло вазъият ҳалли сареъро тақозо мекунад.
Сваминатан гуфт, “Мо барои ин кор (сохтану истеҳсоли ваксинаи зидди коронавирус) 12 моҳ, ҳадди аксар 18 моҳ сарф хоҳем кард.
Ӯ таъкид кард, ки суръати сохтани ваксина бесобиқа боло аст.
Ҳоло 200 лоиҳаи таҳияи ваксина маълум буда, онҳо дар марҳилаҳои гуногун қарор доранд. Дар зимн, дастикам 15-то ваксина дар одамҳо озмоиш мегарданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ