Ӯзбекистон ба Протоколи Женева дар бораи манъи силоҳҳои кимиёӣ пайваст

Ӯзбекистон ба Протоколи Женева дар бораи манъи силоҳҳои кимиёӣ пайваст


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 26 июн қонуни “Дар бораи пайвастани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Протоколи манъи силоҳҳои бактериологӣ ва газҳои заҳроигн дар ҷангҳо”-ро имзо кард.
Ин пртокол санади таҳкимкунандаест барои талабҳои Конвенсияи манъи захирасозиву истеҳсоли силоҳҳои бактериологӣ ва заҳрогин ва аз байн бурдани онҳо, ки 10 апрели соли 1972 дар шаҳрҳои Маскав, Лондон ва Вашингтон имзо шуд.
Ёдовар мешавем, ки 142 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ин кишварҳо ИДМ – Арманистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Қирғизистон ба ин протокол пайвастаанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ