Хизмат ба Ватан шараф аст


Дирӯз маросими навбатии хатмкунии муассисаҳои таълими олии ҳарбии Вазорати мудофиа баргузор гардид. Аз ҷумла, ба хатмкунандагони Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон, Мактаби олии танкии муҳандисии Чирчиқ, Мактаби олии ҳарбии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Донишкадаи ҳарбии Технологияҳои ахбор ва коммуникатсионии Тошканд ва факултети тиббиёти ҳарӣии назди Академияи тиббии Тошканд диплом ва нишонҳои сари синагӣ супурда шуд.
Тадбирҳои гузаронидашуда мувофиқи риояи қоидаҳои карантиние, ки дар мамлакати мо ҷорӣ карда мешаванд, гузаронида шуданд.
Дар он роҳбарият ва кормандони масъули Вазорати мудофиа, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, сенаторҳо, вакилон, шоирон, нависандагон ва падару модарони хатмкунандагон ширкат варзиданд.

Дар маросими хатмкунӣ намоишҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва барномаҳои мусиқӣ намоиш дода шуда, кайфияти ҳозиронро болида сохт.
Департаменти ахбор ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиа.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ