Ҳамлаи Толибон дар шимоли Афғонистон ҷони 6 нафар низомиро гирифт

Ҳамлаи Толибон дар шимоли Афғонистон ҷони 6 нафар низомиро гирифт
  • Post category:Ҷаҳон


Дар натиҷаи ҳамлаи ҷангҷӯёни ҷунбиши Толибон дар шимоли Афғонистон ҳадди ақалл 6 нафар низмоӣ кушта шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Тулӯъ Нюз гузориш дод.
Толибон шаби 27 июн ба гузаргоҳҳои минтақаи Имом Соҳиби вилояти Кундуз ҳамла карданд. Дар ин ҳамла 5 тан сарбоз ва як тан корманди пулис ҷон бохтанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки низомиён 4 нафар узви Толибонро куштанд ва 2 нафари дигарро захмӣ карданд.
Чанде пеш дар даргирии пулис ва Толибон дар вилояти Тохар 4 нафар корманди пулис ҷон бохта буданд.
Манбаъ: Новости

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ