Дар Чин нахустин “электрокиштӣ” ба сайёҳон хидматрасонии худро оғоз кард


Киштии мусофирбари Junlyu, ки муҳаррикаш (мотор) барқӣ аст, нахустин бор дар дарёи Янсзи ба сайёҳон хидматрасонӣ кард.
Дар ин бора шабакаи телевизионии CGTN хабар додааст.
Киштии Junlyu дар пажӯҳишгоҳи киштиҳои электрикии дарёии Ухан сохта шудааст. Ин якумин киштии мусофирбар дар Чин мебошад, ки танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунад. Қабл аз ин дар Чин танҳо қоиқҳои хурд муҳаррики барқӣ доштанд.
Дарозии киштии Junlyu 53,2 метр ва бари он 13,4 метр буда тавони ғунҷоиши то 300 нафарро дорад. Суръати ҳаракати киштӣ то дар як соат то 19 километр боло меравад ва қуввати муҳаррики он ба 8 соат мерасад. Киштӣ ба сайёҳон хидматрасонӣ мекунад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ