Мирзиёев: Бо суруд баракоти кори ту 10 даҳчанд мешавад

Мирзиёев: Бо суруд баракоти кори ту 10 даҳчанд мешавад


Аз ин пас донишомӯзони Ӯзбекистон ҳангоми хатми синфи 11 бояд навохтани ягон сози мусиқиро донад. Маълумот дар бораи балад будани донишомӯз ба навохтани ягон сози мусиқӣ дар шаҳодатномаи ӯ сабт мегардад. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишвар дар ин бобат дар мулоқот бо фаъолони вилояти Намангон рӯзи 27 июн таъкид кард. Ба назари раисҷумҳур, баракоти коре, ки ҳамзамон бо гӯш кардани суруд анҷом меёбад, даҳчанд мешавад.
Мирзиёев дар раванди сухани худ сабаби ҷорӣ кардани ин таҷрубаро маълум кард. Ӯ гуфт, “Ин барои чӣ зарур аст? Мо иқтисоди худро барқарор мекунем, вале ҳамзамон фарҳанги худро боло набарем, фардо мардуму ҷавононе, ки ғановати маънавӣ надоранд, аз комёбӣ бебаҳра мемонанд”.
Ҳамчунин, раисҷумҳур пешниҳод кард, ки шанбе дар корхонаву муассисаҳо рӯзи суруд бошад:
“Чаро дар лаҳзаҳои истироҳати корхонаву донишгоҳҳо сурудҳои ансамблҳои мақом, сурудҳои Маъмурҷон Узоқовро пахш намекунем? Наманган хонандаҳои мардумӣ дорад. Чаро онҳоро пахш намекунем? Мо даргири ташвиш шудем ва дигар мақом намешунавем.
Оё медонед, касе, ки бо фарҳанг дӯст аст, ҷаҳонбинии фарҳангӣ дорад. Умри ӯ дароз мешавад. Ҳоло корхонаҳои калон 10 миллион (доллар) сармоягузорӣ ҷазб мекунанд. Оё мешавад, бо 10 миллион сармоя ансамбли асбобҳои мусиқӣ таъсис дод. Оё эҷоди ансамбли мақом мумкин аст? Дар он ҷо шанберо рӯзи шунидани суруд таъин кунед. Оё медонед, бо фарҳанг ва суруд баракоти кори шумо даҳчанд мегардад. Бо фарҳанг дар корхонаи ту 10 баробар бештар барномаҳои нав ворид мешавад. Дар чеҳраи инсон меҳр падид меояд”.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ