Дар мамлакат 21-ум бемор аз коронаврус вафот кард

Дар мамлакат 21-ум бемор аз коронаврус вафот кард


Дар мамлакат 21-ум бемор аз коронавруси навъи COVID — 19 ҷон бохт, хабар медиҳад Вазорати ҳифзи тандурустии кишвар.
Ин бор шифокори 52-солаи табобатхонаи Яккасаройи Тошканд қурбони вируси короно шуд.
Аз 14 июн инҷониб ин мард дар маркази карантинии «Ӯртасарой» ноҳияи Юқори Чирчиқи вилояти Тошканд кор мекард.
Вазъи саломатии шифокор рӯзи 23 июн бад шудааст.
Аввал духтурро дар табобатхонаи сироятии Зангиатин ва баъдтар дар Институти таҳқиқотии эпидемиология, микробиология ва бемориҳои сироятӣ бистарӣ кардаанд.
Рӯзи 26 июн аҳволи шифокор бадтар шудааст ва ӯро ба шуъбаи эҳё бурдаанд.
Манбаъ афзуда, ки ба ёрии духтурон нигоҳ накарда, пизишк аз бемории инфаркти миокарда ва норасоии шадиди роҳи нафас вафот кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ