Санҷишҳои тестӣ ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, қароқалпоқӣ ва тоҷикӣ мегузаранд


Санҷишҳои тести дохилшавӣ ба самти бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ қаблан ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва қароқалпоқӣ мегузашт.
Дар самтҳои таълимие, ки таҳсил ба забонҳои тоҷикӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва қирғизӣ мебошанд, қабул ба хондан аз рӯйи сохтори бисёрбаллӣ дар асоси имтиҳонҳои касбӣ амалӣ мегардиданд.
Мувофиқи баённомаи рақами 1-и соли 2020-уми Комиссияи давлатӣ:
Аз қабули соли таҳсили 2020-2021 имтиҳонҳои дохилшавӣ ба самти таълими бакалавриат, ки таълим ба забони тоҷикӣ аст, низ ба воситаи санҷишҳои тестӣ ташкил карда мешавад.
Санҷишҳои тестӣ ба забони тоҷикӣ аз тарафи гурӯҳи экспертҳое, ки ҳайати он аз педагогҳои сохтори таълими халқ ва профессор-­омӯзгорони муассисаҳои таълими олӣ ташаккул гардидаанд, дар доираи барномаи таҳсилии таълими умумии миёна тайёр карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ