29-уми июн: аз рӯзи киштисозон то таваллуди Президенти Туркманистон

29-уми июн: аз рӯзи киштисозон то таваллуди Президенти Туркманистон

Дар Русия – Рӯзи киштисозон.

Рӯзи ҷустуҷӯи ҷанги пинҳон

Рӯзи байналмилалии тропикҳо

Соли 1855 дар Лондон аввалин шумораи рӯзномаи «The Daily Telegraph» нашр шудааст. Соли 2006 теъдоди нашри он ба зиёда аз 900 ҳазор нусха расида буд.

1900 — Антуан де Сент-Экзюпери (даргузашт 1944), халабон ва нависандаи фаронсавӣ таваллуд шудааст.

1957 — Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ба дунё омадааст.

Соли 1957 аввалин Фестивали ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 1958 Бразилия аввалин маротиба Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол гардид.

Соли 1986 дар Мексика тими Аргентина дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи Германияро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда, унвони чемпионӣ ба даст овард.

Соли 1995 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ бинои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо чаппа шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1998 барои зиёдтарин воридшавандагони сомонаҳои интернетӣ рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд. Дар он сол ба сомонаи расмии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар як дақиқа зиёда аз 235 ҳазору 150 нафар ворид шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ