COVID-19: шумораивафоткардагон дар ҷаҳон аз 500 ҳазор нафар гузашт

COVID-19: шумораивафоткардагон дар ҷаҳон аз 500 ҳазор нафар гузашт
  • Post category:Ҷаҳон


Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, шумораи қурбониёни коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон аз 500 ҳазор нафар гузашт.
Бар пояи маълумотҳои соати 9:40-и имрӯз, 501 ҳазору 281 ҳодисаи марг ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи аз ҳама зиёди фавтидагон дар ИМА 125 ҳазору 803 нафар мебошад.
Теъдоди умумии ҳолатҳои сирояти коронавирус дар ҷаҳон ба 10 миллиону 117 ҳазору 326 нафар расид.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СҶБ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар беш аз 210 давлат ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ