Дар аксҳояш эҳсосу андешаҳои амиқ инъикос мегарданд


Номи аксбардори самарқандӣ Бахтиёр Мустанов барои аксар шинос аст. Б. Мустанов қариб шаш сол боз аксбардорӣ мекунад. Ҳар вакте бо ӯ дар кӯча, тадбир ё дигар чорабинӣ вомехӯред, ҳатман дар китф дастгоҳи аккосӣ дорад. Касби худро дӯст медорад ва барои ба даст овардани аксҳои ҷолибу босифат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят меравад.
Вақте ки дар бораи шахсони ба халқу ҷамъият нафърасон хабаре мешунавад, дарҳол аз пайи ҷустуҷӯи онҳо мешавад ва фаъолияташонро аксбардорӣ намуда, ҷониби таҳририят мешитобад.
– Дар бачагӣ ҳама дар дил орзуҳои зиёд мепарварад, — айёми кӯдакии худро ба хотир меорад Б.Мустанов. – Ҳангоми таҳсил дар мактаб орзу доштам, ки ҳарбӣ шавам. Дар сохтори корҳои дохилӣ кор кунам. Аммо ин орзуям иҷобат нагардид. Аммо аз ин афсӯс намехӯрам. Ҳоло чун аксбардор фаъолият дорам ва ин касб ба ман хеле писанд аст.
Бахтиёр Мустанов таҳсили ибтидоиро дар мактаби таълими умумии рақами 16-и шаҳри Самарқанд гирифта, тӯли солҳои 2003-2012 дар филиали самарқандии УЗИ дар вазифаи электромонтёр кор кардааст. Солҳои 2007- 2011 дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд таҳсили илм намудааст. Аз соли 2012 дар рӯзномаи вилоятии “Зарафшон” ба ҳайси мусаҳҳеҳ ба кор сар карда, аз соли 2014 ин ҷониб дар вазифаи аксбардори таҳририят кор мекунад.
– Сурат ва лавҳаҳо саҳифаи рӯзномаро боз ҳам зеботар месозанд, оро медиҳанд, — мегӯяд Б.Мустанов. – Чунки сурати хуб аз мазмуни хабар, мақола ё репортаж ҳикоя мекунад. Аз ин рӯ, аз ҳаёти пурҷӯши одамон, дастоварду комёбиҳои онҳо, ё ки муаммоҳои ҷомеа аксбардорӣ намоям, зуд ба таҳририят мешитобам ва бо навиштани матни хабар ё мақола машғул мегардам. Вақте ки суратҳои аксбардоринамудаи худро дар газетаҳои вилоятии «Зарафшон», «Самаркандский вестник», «Овози Самарқанд» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ мебинам, дар худ меболам, ифтихор мекунам. Ҳамзамон, сурат ва видеонаворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир мекунам. Хурсандам, ки мардум онҳоро гарм истиқбол менамоянд ва назари холисонаи худро менависанд. Ин ҳама маро нерӯи тоза бахшида, барои боз ҳам такмил додани маҳорати хеш водор месозад.
Завқи эҷодии Бахтиёр Мустанов гуногунҷабҳа аст, вале суратгирӣ яке аз шуғлҳои деринаи ў буда, дар фаъолияти эҷодиаш хеле мукаммал зуҳур кардааст. Тамоми аксҳои гирифтааш саршори рангҳову гармӣ аст. Онҳоро метавон беохир тамошо кард. Дар сукути он аксҳо эҳсосу андеша, мазмуну маъниҳои амиқ инъикос гардидаанд.
Ҳар як сурате, ки Б.Мустанов аксбардорӣ намудааст, аз мазмуни хабару гузориш нақл мекунад. Матн ва сурат ҳамбастагии мустаҳкам дошта, яке дигареро пурратар месозад ва аз маҳорати баланди аксбардор гувоҳӣ медиҳад.

  • Асри XXI – асри технологияҳои ахборӣ-коммуникатсионӣ мебошад, — мегӯяд Б.Мустанов. – Рушди технологияҳо ва ба майдон омадани компутер ва дастгоҳҳои замонавии аксбардорӣ ба соҳаи фотография низ таъсири худро расонд ва мушкилоти зиёди аксбардоронро осон кард. Пештар барои дастрас намудани як сурат ва ба рӯзнома пешкаш кардани он вақти зиёд сарф мегардид. Суратгир ба плёнка расм мегирифт, онро дар идораҳои суратбарорӣ мебаровард ва баъд ба таҳририят месупурд. Ҳозир акс гирифта, дар фурсати кӯтоҳ ба гӯшаи дилхоҳи ҷаҳон фиристодан мумкин аст.
    Фаридун ЮЛДОШЕВ
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ