Ин кас «земляк»-и худамон! Устод! Ин унвони муборак ва муқаддас аст.

Ин кас «земляк»-и худамон! Устод! Ин унвони муборак ва муқаддас аст.


Аз ин рӯ, на ҳамаро «устод» мегӯянд. Танҳо онҳое, ки бо меҳнати ҳалол соҳибобрӯй гардида, шогирдони зиёдро роҳнамоӣ намудаанд ва бахти худро дар хушбахтии атрофиён дидаву ҳамеша барои кӯмак ба дигарон омода ҳастанд, ба ин ном сазовор мегарданд. Яке аз чунин инсонҳое, ки аксари журналистони Самарқанд «устод» гуфта, эъзозу эҳтиром мекунанд, журналисти ботаҷриба, инсони дарёдил ва фурӯтан, марди хоксору ботамкин Абдурасул Ашуров мебошад.
ПАЙРОҲАИ УМР
Абдурасул Ашуров 20-уми марти соли 1958 дар деҳаи Мопари ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанд таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби таълими умумии рақами 6-и шаҳри Самарқанд, соли 1974 шомили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон) мегардад. Соли 1979 донишгоҳро бомуваффақият хатм карда, фаъолияти меҳнатии худро дар таҳририяти рӯзномаи ноҳияи Нуробод ба ҳайси мудири шӯъбаи фарҳанг ва рӯзгор сар мекунад. Аз соли 1981 дар Телерадиокомпанияи вилояти Самарқанд чун мухбири гурӯҳи гуфторҳои радио, муҳаррири калони гурӯҳи телевизион, ҷонишини директор доир ба телевизион ва дар вазифаҳои дигар кор мебарад. Тӯли солҳои 1988-2003 ба сифати котиби ташкилоти ибтидоии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар Телерадиокомпанияи вилояти Самарқанд фаъолият бурд. Ҳоло яке аз тележурналистони фаъоли Телерадиокомпанияи вилояти Самарқанд мебошад.
БА ДАРЁ АФТУ БО МАВҶАШ ДАРОМЕЗ…
Абдурасул Ашуров аз овони мактабхонӣ ба соҳаи журналистика рағбати зиёд дошт ва ин муҳаббат ӯро соли 1972 ба донишгоҳи мухбирони коргару деҳқони назди шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон овард ва аз ҳамин солҳо аввалин хабару мақолаҳояш дар матбуоти даврӣ рӯйи чопро дид.
А. Ашуров журналисти боғайрат ва пурмаҳсуле мебошад, ки то имрӯз қариб 14 ҳазор барнома, хабар, лавҳа, мақола, очерк ва фелетонҳои худро дар воситаҳои ахбори оммавӣ эълон кардааст.
Бо ташаббуси А. Ашуров дар телевизиони вилоят барномаҳои «Ба Ватан хизмат мекунам»,”Ӯзбекистон – хонаи умумии мо», «Сабақҳои маънавият», «Вазифаи муқаддас», «Навидҳои тиббӣ» ва ғайра мунтазам пахш гардида, аҳолии Самарқандро бо навгониҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маънавӣ-маърифатии вилоят ошно мекунанд. Инчунин, барномаҳои таҳлиливу танқидии ин журналисти дақиқназар ва ботаҷриба дар байни самарқандиён маҳбубияти зиёд доранд. Дар онҳо муаммоҳои муҳими ҷамъият баррасӣ гардида, дар бораи роҳи ҳалли онҳо андешаҳои амиқ баён карда мешаванд.
Абдурасул Ашуров гарчанд ба синни нафақа расидааст, вале то ҳол ғайрати ҷавонона дорад ва бо журналистони навқаламу навқадам кор карда, аз онҳо маслиҳатҳои худро дареғ намедорад. Ҳамеша дар ҷустуҷӯ аст. Пайваста барои таҳияи барномаҳои ҷолиб, кашфи қаҳрамонҳои нав ҳаракат мекунад. Новобаста аз сол, дар компутеру телефон озод кор карда метавонад ва ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст. Дар маҷрои пуршиддати ҳаёт пайваста мекӯшад то бо замон ҳамнафасу ҳамқадам бошад, ки ин ҳама чолокӣ ва ӯҳдабароии устодро дида, ин гуфтаи шоир ба хотир меояд:
Ба дарё афту бо мавҷаш даромез,
Ки умри ҷовидон андар ситез аст.
ИФТИХОРИ ШОГИРДОН
Абдурасул Ашуров эҷодкори пурмаҳсул, тележурналисти меҳнатқарин ва намояндаи фаъоли ҷамоатӣ мебошад, ки пайваста барои рушди соҳаи журналистика, таъмини инъикоси ошкоро ва холисонаи воқеоти ҷомеа ҳаракат мекунад.
Меҳнатҳои шоистаи А. Ашуров аз тарафи ҳукумат муносиб қадр гардида, борҳо бо диплом, ифтихорнома ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.
Соли 2006 бо нишони сарисинагии «Ўзбекистон Республикаси мустақиллигига 15 йил» ва соли 2007 бо медали «Шуҳрат» мукофотонида шудааст.
Соли 2015 дар озмуни вилоятии «Журналисти аз ҳама фаъоли сол –2015» аз рӯйи равияи телевизион барои барнома ва лавҳаҳо доир ба таҳлили иҷрои Барномаи давлатӣ ғолиб гардида, бо дипломи ҳокимияти вилоят ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо мукофонида шуд.
А. Ашуров аз соли 1985 узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон мебошад.

А. Ашуров дар давоми фаъолияти 41-солаи худ шогирдони зиёдро асрори журналистӣ омӯхт, ки имрӯз аксари онҳо дар соҳаи телевизион ва радио фаъолият доранд. Сарвари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Т. Тугалов, мухбири телеканали «Ўзбекистон-24» дар вилояти Самарқанд Л. Шомуродов, директори телерадиокомпанияи вилояти Самарқанд М. Ихтиёров, ҷонишини директори телерадиокомпанияи вилояти Самарқанд, шоир Д. Исматов ва дигарон аз шогирдони А. Ашуров мебошанд, ки дар ин соҳа ба комёбиҳои зиёд ноил гардида, доим бо устоди худ ифтихор мекунанд.
МАРД ЧУН ДОНО ШАВАД…
Шоёни эътироф аст, ки Офаридгор дар тинати Абдурасул Ашуров сифатҳои наҷиби инсонӣ, ба мисли меҳру шафқат, қобилияти хуби зеҳнӣ, қалби ҳассосу мушфиқ, ҳалимиву хоксорӣ, дарёдилӣ ва фурӯтаниро сириштааст, ки дар фаъолияти эҷодиву журналистӣ ва рафтору гуфтори ҳаррӯза истифода мебарад. А. Ашуров хислати аҷибе дорад: бо ҳар касе, ки вохӯрад, хоҳ ошност, хоҳ бегона самимона сӯҳбат мекунад. Агар ин дидори аввалин аст, аз ӯ зодгоҳашро мепурсад ва пас аз шунидани ҷавоб, дубора «э, земляки худамон будаед-ку» гуфта, гармтар вохӯрӣ менамояд.
Абдурасул Ашуров сарвари яке аз оилаҳои намунавии маҳаллаи Ӯртахӯҷасоати шаҳри Самарқанд мебошад. Ҳамроҳи ҳамсари дилсӯзи худ Гулчеҳра Усмонова ҳоло волидони ғамхори 3 нафар фарзанд ва дуогӯи 6 нафар набераи ширин мебошанд.
А. Ашуров пайваста мекӯшад хидмати халқ кунад, бобати рушди фарҳангу маънавият дар мамлакат саҳмгузор бошад:
Шамс чун пайдо шавад, офоқ аз ӯ равшан шавад,
Мард чун доно шавад, дил дар бараш дарё шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ