Токио тарафдори нигоҳдории қолаби феълии “G7” аст


Токио мехоҳад, ки “Гурӯҳи 7” (G7) дар қолаби феълиаш бетағйир бимонад. Ёсихидэ Суга, дабири кулли ҳукумати Япония пешниҳоди Доналд Трамп дар бораи даъвати кишварҳои нав ба G7-ро тавзеҳ дод ва гуфт, ки нигоҳдории G7 дар қолаби феълиаш муҳим аст.
Чанде пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА пешниҳод кард, ки соли 2020 ба саффи ширкаткунандагони G7 Русия, Ҳиндустон, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ даъват гардад.
Суга бо таъкиди он, ки ИМА ҳамчун созмондиҳандаи ин мулоқот бояд қолаби дақиқи баргузории онҳо ҳамоҳанг кунад, афзуд, ки Япония пуштибонии қолаби “ҳафтгона”-и гурӯҳро муҳим мешуморад.
Япония ба иштироки раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ дар мулоқоти G7 ба сурати расмӣ норизо будани худро эълом карда буд. Ёсхидэ Суга аз тавзеҳ ин қарори Япония худдорӣ кард.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ