Жээнбеков корҳои давлатдориро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳад

Жээнбеков корҳои давлатдориро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳад

  • Post category:Ҷаҳон


Жээнбеков баъди бозгашт аз Маскав озмоиши дигареро барои коронавирус супурд. Ҳоло вай корҳои давлатдориро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳад.
Таҳлилҳои такрории президент Сооронбой Жээнбеков дар бораи ҳузури COVID-19 натиҷаи манфӣ нишон доданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Қаблан, ӯ замони расидан Маскав ва бозгашт ба Бишкек аз озмоишҳо гузашт, ки натиҷаҳояшон манфӣ буданд.
Ёдовар мешавем охири ҳафтаи гузашта дар 17 корманди дастгоҳи президент вуҷуди коронавирус тасдиқ шуд.
«Дар ин рӯзҳо, Сооронбой Жээнбеков барои дур кардани тамос, дар қароргоҳи давлатӣ Ала-Арча корашро идома медиҳад. Пагоҳ, 30 июн, сарвари давлат дар ҷаласаи Жогорку Кенеш ширкат меварзад», — омадааст дар хабар.
Дар ҷаласаи парлумон аъзои нави ҳукумат қасам мехӯранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ