Намояндагони ИМА ба Ӯзбекистон меоянд

Намояндагони ИМА ба Ӯзбекистон меоянд

  • Post category:Ҷаҳон


Имрӯз, 29 июн Залмай Халилзод, намояндаи махсуси ИМА дар масъалаҳои Афғонистон ва Адам Бойлер, мудири кулли ширкати тамвили рушди байналмилалии ИМА (DFC) ба Ӯзбекистон меоянд.
Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад. Намояндагони ИМА дар чорчӯби ин ташриф бо Сенати Олий Маҷлис, вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ, вазорати рушди иқтисод ва коҳиши бенавоӣ мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳанд.
Дар мулоқот масъалаҳои пуштибонӣ аз музокираҳои сулҳҷӯёна дар Афғонистон, ҷазби сармоягузории DFC ба лоиҳаҳои Ӯзбекистон баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин, намояндагони ИМА дар видеоконфронси вазирони қолаби “Осиёи Марказӣ-ИМА” (“С5+1”) низ иштирок хоҳанд кард.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ