Шумори рекордии гирифторӣ ба коронавирус дар як шабонарӯз сабт шуд

Шумори рекордии гирифторӣ ба коронавирус дар як шабонарӯз сабт шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Дар як шабонарӯз дар ҷаҳон 189 ҳазор тан гирифтори коронавирус шуданд, ки ин шумори нави рекордӣ мебошад. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод.
Рекорди қаблӣ рӯзи 21 сабт шуда буд, дар он рӯз шумори мубталоён 183 нафар буд.
Бештарини мубталоёни шабонарӯзӣ дар ҷаҳон ҳанӯз дар ИМА мушоҳида мешавад. Ҳамарӯза беш аз 40 ҳазор нафар амрикоӣ мубталои COVID-19 мешаванд.
Бразилия аз ин ҷиҳат баъди ИМА дувумин кишвари ҷаҳон буда, дар як шабонарӯз беш аз 30 ҳазор нафар ба ин вирус гирифтор мегарданд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ