Airbus ҳаҷми истеҳсолро 40 дарсад коҳиш медиҳад ва ҳазорон коргарро барканор мекунад

Airbus ҳаҷми истеҳсолро 40 дарсад коҳиш медиҳад ва ҳазорон коргарро барканор мекунад


Ширкати Airbus, ки ҳавопаймо истеҳсол мекунад, ба иллати пандемия дар нахустин чоряки сол 481 миллион евро зарар дид. Ин ширкати бузург соли гузаштаро низ бо зарар сипарӣ карда буд.
Ҳоло ширкат тасмим гирифт, ки дар раванди 2 сол истеҳсолотро 40 дарсад коҳиш медиҳад ва ҳазорон коргари худро барканор мекунад. Дар ин бора Гийом Фори дар мусоҳибаи рӯзномаи Die Welt эълом кардааст.
Ӯ гуфт, “Мо наметавонем ҷудогона аз вазъияте кор кунем, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ рӯбарӯи он шудаанд.
Дар ҳолир ҳозир ширкат бисёре аз ҳавопаймоҳои истеҳсол кардаашро ба муштариёни худ мунтақил накардааст, чун онҳо ба иллати буҳрон аз хариди ҳавопаймоҳо худдорӣ мекунанд.
Шумори коргароне, ки барканор мегарданд, дар поёни моҳи июл дақиқ хоҳад шуд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ