Паҳншавии коронавирус дар миёни мақомоти Қирғизистон идома дорад

Паҳншавии коронавирус дар миёни мақомоти Қирғизистон идома дорад
  • Post category:Ҷаҳон


Досалӣ Эсеналиев, раиси дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон мубталои коронавирус шуд. Баъди он, ки кулли кормандони дастгоҳи раисҷумҳур ба тести коронавирус фиристода шуданд, бемории Эсеналиев ошкор шуд.
Ҳамчунин, тест дар миёни кормандони дастгоҳи раисҷумҳур 8 нафар мубталои дигарро ошкор кард.
Бо ин ҳол, шумори кулли мубталоён дар миёни кормандони дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон ба 17 нафар расид.
Ҳамаи коргарони бемор дар хонаи худ дар инзиво муъолиҷа мешаванд ва кори худро ба сурати фосилавӣ идмоа медиҳанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ