Қирғизистон: ҳамарӯза беш аз 200 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт мегардад

Қирғизистон: ҳамарӯза беш аз 200 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт мегардад

  • Post category:Ҷаҳон


Шабонарӯзи ахир дар Ҷумҳурияти Қирғизистон боз 3 маризи коронавирус фавтидаанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Манбаъ аз қавли муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурбулот Усенбоев хабар медиҳад, ки се қурбонӣ 54, 61 ва 67 — сола буданд, ки дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд.
Зимнан, муовини вазир тавзеҳ додааст, ки марҳумон дар баробари маризии коронавирус боз аз чанд касалии дигар низ азият мекашиданд.
Нурбулот Усенбоев ҳамчунин аз 269 мавориди ҷадиди гирифторшавӣ ба ин маризӣ давоми як рӯз хабар дод. Ба гуфтаи ӯ аксар маризон намедонанд, ки дар куҷо ва дар кадом шароит ба ин беморӣ гирифтор шуданд.
Ба ҳамин минвол, дар Қирғизистон акнун шумораи умумии қурбониёни вируси COVID — 19 ба 50 нафар баробар шуд.
Ҳамчунин теъдоди умумии маризони коронавирус ба 5017 нафар расидааст. Тайи чанд рӯзи ахир, анқариб ҳамарӯза беш аз 200 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт мегардад.
Шумораи рекордии гирифторшавӣ ба ин беморӣ рӯзи шанбе сабт гардида буд. Он рӯз 306 нафар тоза мубталои бемории коронавирус гардиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ