Профессор, рӯзноманигори номии Қазоқистон Куандик Шамахайлӣ аз коронавирус вафот кард. Ҳамсараш шифокоронро айбдор мекунад

Профессор, рӯзноманигори номии Қазоқистон Куандик Шамахайлӣ аз коронавирус вафот кард. Ҳамсараш шифокоронро айбдор мекунад

  • Post category:Ҷаҳон

Профессор, рӯзноманигори номии Қазоқистон Куандик Шамахайлӣ, ки гирифтори маризии коронавирус буда, дар яке аз дармонгоҳҳои ин кишвар бистарӣ буданд, фавтид.
Ҳамсари профессор пас аз фавти шавҳари худ ба додситонӣ аризаи шикоятӣ навиштааст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар фавти шавҳари худ пизишконро гунаҳгор мекунад. Ба изҳори ӯ ҳамсараш чанд рӯзи охир худро бардам ҳис мекард ва ягон шикояти ҷиддӣ ҳам надошт.
Ба боварии ӯ пизишкон доруи алайҳи коронавирусро дар шавҳараш озмоиш намуданд, ки дар натиҷа ба марги ӯ оварда расонд.
«Шаб ӯ ба ман паёмак навишт, ки ба вай дору доданд. Ғайр аз ӯ,ба ягон маризи дигар ин доруро наоварданд. Пас аз истеъмоли ин дору шавҳарам ба қадри имкон то се литр об нӯшид. Ман ба ӯ маслиҳат додам, ки доруро бояд қай кунад. Субҳ соати 7:30 дақиқа пизишкон ба писарам загг зада гуфтанд, ки падараш вафот кардааст. Ҳоло ман дар бемористон ҳастам ва ба прокуратура ариза навиштам. Ман бар инам, ки ин доруро дар шавҳари ман озмиш намуданд», — изҳор доштааст Айша Турмаганбетова ба Sputnik Қазоқистон.
Зимнан, худи профессор низ қабл аз марги худ дар Фейсбук навиштааст, ки «ман маризи коронавирус буда, дар бемористон бистарӣ ҳастам. Соати 2 — и шаб пизишкон ба назди ман омада, гуфтанд, ки коғазро имзо кунам. Сипас, ҳамшира ба ман дору ва об дод. Ғайр аз ман, онҳо ин доруро ба дигар маризон надоданд. Ман пурсидам, ки ин чӣ гуна дору аст? — гуфтанд аз вирус кӯмак мекунад. Ман шубҳа доштам ва аз ин рӯ барои берун овардани дору се литр об нӯшидам».
Дар Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Қазоқистон фавти профессорро тасдиқ намуданд ва изҳор доштанд, ки дар зудтарин фурсат натиҷаи ташхиси марги ӯро расонаӣ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ