Кореяи Ҷанубӣ барои мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон $5 миллион кумак медиҳад

Кореяи Ҷанубӣ барои мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон $5 миллион кумак медиҳад


Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ тасмим гирифт, ки барои мубориза ба коронавирус ба Ӯзбекистон 5 миллион доллар кумак диҳад. Дар ин бора сафорати ин кишвар дар Ӯзбекистон ба Kun.uz хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки намояндагии Оҷонси ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоошканд бо вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон барои зудтар амалӣ кардани ин барнома тафоҳумнома имзо хоҳанд кард.
Кореяи Ҷанубӣ дар чорчӯби широкати стратегии махсус бо Ӯзбекистон барои муштаракан аз байн бурдани буҳрони коронавирус ба ин иқдом даст зад. Ин лоиҳа ба кишварҳои камшумор пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ