Индонезия: Пешниҳодҳои СҶТ бобати COVID-19 гоҳо бо шароити мавҷуда мувофиқат намекунад

Индонезия: Пешниҳодҳои СҶТ бобати COVID-19 гоҳо бо шароити мавҷуда мувофиқат намекунад
  • Post category:Ҷаҳон


Дони Монардо, раиси гурӯҳи мубориза бо коронавируси Индонезия гуфт, ки пешниҳодҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи пандемия гоҳо бо шароити мавҷудаи Индонезия мувофиқат намекунад. Дар ин бора Kompas хабар додааст.
Ӯ гуфт, “Пешниҳодҳои СҶТ дар ҳамоҳангӣ бо шароити кишвари мо бояд баррасӣ гардад. Агар мо ба онҳо мустақим пайравӣ кунем, дар вазъияти муъайян ин боиси гирифтории бештаре хоҳад шуд”.
Ҳамчунин, Монардо гуфт, ки баёнияҳои СҶТ зуд-зуд тағйир меёбад.
Вай афзуд, ки раисони ширкатҳо, ё мақомоти давлатӣ бояд аз вазъияти кормандони худ бохабар бошанд. Ба касе, ки мубталои вирус шудааст, бояд имкони кори фосилавӣ дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир шумори гирифторон дар Индонезия ба 55 092 нафар расидааст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ