Вазири корҳои хорҷии Ӯзбекистон дар мулоқоти C5+1 иштирок мекунад

Вазири корҳои хорҷии Ӯзбекистон дар мулоқоти C5+1 иштирок мекунад


Имрӯз, 30 июн бо иштироки Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон мулоқоти болосатҳи қолаби “Осиёи Марказӣ-ИМА” (С5+1) ба сурати видеоконфронс баргузор мегардад.
Бино ба хабари ВКХ Ӯзбекистон, дар ин мулоқот сарони ниҳодҳои хориҷии кишварҳои иштироккунанда ҳамкории иқтисодии минтақаиро баррасӣ мекунанд. Илова бар ин, масъалаҳои муҳимми рушди робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА баррасӣ мегардад.
Дар видеоконфронс Чингиз Айдарбеков – вазири КХ Қирғизистон, Мухтор Тлеубердӣ – вазири КХ Қазоқистон, Сироҷиддин Муҳриддин – вазири КХ Тоҷикистон, Рашид Мередов – вазири КХ Туркманистон, Абдулазиз Комилов – вазири КХ Ӯзбекистон ва Майкл Помпео, дабири давлатии ИМА иштирок мекунанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ