СҶТ коршиносони худро барои таҳқиқи пайдошавии коронавируси нав ба Чин мефиристад


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи оянда як гурӯҳ мутахассисони худро барои таҳқиқи пайдошавии коронавирус ба Чин мефиристад. Дар ин бора Тедрос Аданом Гебрейесус, раиси СҶТ эълом кард.
Ӯ дар нишасти расонаӣ дар Женева гуфт, “Вақте, ки тамоми ҷузъиёт дар бораи коронавирусро, аз ҷумла, замони оғози паҳншавии онро медонем, бар зидди он беҳтар мубориза метавонем. Бо ин мақсад ҳафтаи оянда як гурӯҳро ба Чин мефиристем”.
Гебрейесус таъкид кард, ки ин иқдом барои фаҳмидани чӣ тавр оғоз шудани паҳншавии коронавирус ва дар оянда барои чӣ гуна омода шудан ба бемориҳои гуногун кумак медиҳад.
ИМА ва бархе аз кишварҳои Аврупо Чинро масъули паҳншавии коронавирус медонанд. Ҳамчунин, баъзеҳо бар ин назаранд, ин вируси маснӯъӣ, яъне сохтаи дасти инсон мебошад. Пекин ин ҳама иттиҳомро рад мекунад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ