Олимон доруи бесамар бар зидди коронавирусро номбар карданд


Дар пажӯҳиши ширкати бритониёии RECOVERY, усулҳои нави мубориза бо коронавирусро меҷӯяд, гуфта мешавад, ки қурси (препарат) таркибии лопинавир ва ритонавир дар муъолиҷаи COVID-19 бесамар аст,
Озмоиш дар бемористонҳои Британияи Кабир бо иштироки 1596 нафар гирифтори коронавирус баргузор шуд. Беморон қурси зикршударо нӯшиданд ва натиҷаҳои озмоиш бо натиҷаҳои муъолиҷаи дигар беморон муқоиса шуд.
Кумитаи озмоиш ба хулосае омад, ки муъолиҷаи гирифторони коронавирус бо қурси таркибии лопинавир ва ритонавир самар надорад.
Чанде пеш мудири Барномаи вазъиятҳои фавқулоддаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълом карда буд, ки дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон 133 ваксинаи зидди коронавирус озмоиш мегардад.
Манбаъ: РБК

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ