Рӯзи 30-юми июн дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Рӯзи 30-юми июн дар ҷаҳон чӣ рух дод?


Дар Гватемала — Рӯзи армия.

Дар Ҷумҳурии Демократии Конго — Рӯзи Истиқлолият.

Дар Салвадор –Рӯзи кормандони бонк.

Дар Муғулистон — Рӯзи қабули Конститутсия.

Соли 1894 машҳуртарин кӯпруки Лондон — «Тауэр-бриҷ» ба истифода дода шудааст.

Соли 1944 Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

Соли 1994 шумораи маҳбусони ИМА ба 1 миллион нафар расид.
Соли 1999 дар Ню-Йорк ҷаласаи махсуси СММ оид ба баланд бардоштани нуфузи аҳолӣ баргузор гардид.

Соли 1954 дар ИМА расиде ба қайд гирифта шуд, ки маблағаш дар ҷаҳон аз ҳама бештар, яъне 4 миллиарду 176 миллиону 969 ҳазору 623 доллар ва 57 сентро ташкил дод.

Соли 1996 дар Англия фиринии (таоме, ки аз биринҷ ё ягон ярмаи дигар бо шириниҳо ва меваҳо пухта мешавад) аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон истеҳсол шуд, ки зиёда аз 46 метри мураббаъ масоҳат дошт.

Соли 1964 Моҳтоб аз масоҳати наздиктарин аксбардорӣ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ