Боз 1767 нафар аз Россия ба Ватан баргаштанд

Боз 1767 нафар аз Россия ба Ватан баргаштанд


Мувофиқи маълумотҳо аз 21-ум то 27-уми июни соли ҷорӣ, бо дастгирии Сафоратхонаи кишвари мо дар Россия, 1767 нафар ҳамватанамон аз ин кишвари Россия ба Ӯзбекистон баргардонида шуданд.
Дар ин муддат ду парвози чартерӣ аз Москав (522), яке аз Екатеринбург (267), Қазон (276), Новосибирск (192) ва дигаре аз Санкт-Петербург (510) парвоз карданд. Пеш аз ҳама, пиронсолон, шахсоне, ки саломатиашон хуб нест, занони ҳомила ва занони кӯдакдор тавассути ин парвозҳо ба Ӯзбекистон баргаштанд.
Ғайр аз ин, сафоратхона дар доираи лоиҳаи хайрияи «Меҳр» дар ҳафтаи гузашта ба 640 нафар, ки мушкилиҳои молиявӣ доранд, маблағи яквақта пардохт кард. Маблағи умумии кӯмаки молиявӣ 4 миллиону 282 ҳазору 340 рублро ташкил додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ