Чин қонуни пурмоҷарои амнияти миллии Ҳонгконгро қабул кард

Чин қонуни пурмоҷарои амнияти миллии Ҳонгконгро қабул кард

  • Post category:Ҷаҳон


Кумитаи доимии маҷлиси намояндагони мардумии Чин, ки ниҳоди олии қонунгузори ин кишвар аст, қонун дар бораи таъмини амнияти миллӣ дар Ҳонгконгро қабул кард.
Дар ин бора рӯзномаи China Morning Post навиштааст.
Бино ба додаҳои рӯзнома, ин қонун аз 1 июл ба иҷро медарояд. Ёдовар мешавем, ки 27 сол қабл дар рӯзи 1 июл Британияи Кабир Ҳонгконгро ба Чин бозгардонда буд.
Ин қонун аз таҳдидҳо (терроризм, ҷудохоҳӣ, тавофуқ бо қудратҳои хориҷии зидди Чин, кӯшиш ба заъиф кардани ҳукумат) ба амнияти миллии Ҳонгконг ҷилавгирӣ ва онро муҷозот мекунад. Гуфта мешавад, ки эҳтимолан ин қонун ба ҳукумати Чин иҷоза медиҳад, ки аз амалҳои тундгароён ҷилавгирӣ кунанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ