Бо қарори комиссияи махсуси Ҷумҳуриявӣ оиди пешгирӣ ва паҳншавии бемории коронавирус дар Ӯзбекистон, вазниншавии ҳолатро ба назар гирифта қарор қабул кард.
Бино бар ин аз санаи 1 — уми июл сар карда:
- бозорҳои либосвориву ҷиҳозҳо ва маҷмӯаҳои калони савдовии ҳудудҳои Ҷумҳурӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе барои корҳои дизинфексионӣ баста мешавад;
- дар ҳудудҳои «сурх» ва «зард» аз соати 07:00 -и пагоҳӣ то соати 23:00 -и шабонарӯзӣ ҳаракати нақлиётҳо, дар ҷойҳои ҷамоатӣ аз 3 нафар зиёд якҷоя будан, дар гирду атрофи ҳавлӣ ва хонаҳои бисёошёна бемақсад ҳаракат карданро таҳқиқ мекунад.
Дар он: фақат дар ҳолати вазниншавии ҳолати саломатии шаҳрвандон, занҳои ҳомилае, ки дар назорати шифокорон ҳастанд ва барои хариди доруву дармон ва маҳсулоти хӯрокворӣ рухсат дода мешавад; - дар ҳудудҳои «сурх» ва «зард» ҳаракати нақлиёти ҷамоатӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе кам карда мешавад.