Дар ҳудудҳои «сурх» ва «зард» ҳам ба тӯйгузаронӣ рухсат дода шуд

Аз 30-юми майи соли ҷорӣ сар карда дар ҳудуди «сабз» ба гузаронидани тӯй, маърака ва маросимҳо дар хонаю ҷойҳои худ бо иштироки 30 нафар рухсат дода шуда буд. Акнун ин хел имконият ба ҳудудҳои «сурх» ва «зард» ҳам дода шуд. Тӯю маърака ва маросимҳоро бо иштироки 30 нафар дар хонаву ҷойҳои худ бо риоя намудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ гузарондан мумкин. Ба шахсоне, ки ба қоидаҳо риоя намекунанд, дидани чораҳои маъмурӣ дар назар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ