Додгоҳи Эрон раиси як хабаргузориро маҳкум ба қатл кард

Додгоҳи Эрон раиси як хабаргузориро маҳкум ба қатл кард
  • Post category:Ҷаҳон


Рӯҳуллоҳ Зом, раиси пойгоҳи хабарии Amad News-и Эрон ба ҷурми фаъолияти зиддиҳукуматӣ ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷосусии хориҷӣ ба эъдом (қатл) маҳкум шуд. Дар ин бора Ғулом Ҳусайн Исмоилӣ, намояндаи расмии додгоҳи олии Эрон хабар дод.
Бино ба иттилоъи хабаргузории Tasnim, ин ҳукми поёнии додгоҳ нест ва маҳкум метавонад бобати ҳукм шикоят кунад.
Хабаргузории IRNA рӯзи 14 октябри соли гузашта дар бораи боздошт шудани Зом аз сӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ хабар дода буд. Ӯро муттаҳам ба фаъолияти зиддиҳукуматӣ ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷосусии Фаронса, ИМА ва Исроил карданд.
Рӯҳуллоҳ Зом рӯзноманигор ва фаъоли иҷтимоъӣ буда, дар хориҷ аз Эрон фаъолият дошт. Ӯ муқими Фаронса буд.
Манбаъ: ТАСС

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ